Дар қисми ҳарбии 0444-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо ва роҳбарияти ноҳияи Рӯшон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Сардори саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо тамоми сарбозон ва афсаронро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, аз аҳамияти таърихиву фарҳангии ин иди бостонӣ ёдовар шуданд. Қайд карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сулҳу дустӣ ва ваҳдати мардумон арзиши бузурги маънавӣ дошта, дар таҳкими ҳамбастагӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Барномаи аҳли фарҳанги ноҳия идомабахши чорабинӣ буд.