Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 18 Марти соли 2026 гурӯҳи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо роҳбари сардори Саридора намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни сафари корӣ бо ташаббуси Саридора ба истиқболи ҷашни фархундаи Наврӯз ва истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 адад ниҳоли ҳамешасабз бо ҳашари дастаҷамъона дар қисми ҳарбии 0444-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ шинонида шуд.