Дар доираи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 12 марти соли 2026 бо иштироки сармуҳаррирон, муҳаррирон ва кормадони рӯзномаи “Фановар” ва “Паёми Донишгоҳ”-и Давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар ҷиҳати пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот баргузор гардид.
Дар миззи мудаввар аз ҷониби кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сирри давлатӣ: тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он” ва тафсири моддаҳои 13 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” маърӯзаҳо карда шуд.
Зикр гардид, ки зимни интишори сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма он яку якбора ба таври васеъ ифшо гардида, ба манфиатҳои қонунии давлат метавонад зарари калон расонад.
Ҳадафи баргузории миззи мудаввар ин омӯзиши пешгирии ифшои маълумоти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва баррасии нуқтаҳои асосии талаботи қонунгузории ҷорӣ дар мавзӯи мазкур, мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.