Санаи 21 январи соли 2026 тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асрор”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асрор”- сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асрор”-оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2026 ва масъалаҳои ҷорӣ барраси гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидои ҳизбии “Асрор”, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби- сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо шунида шуд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида, буд маъруза намуданд.
Дар фарҷом кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуданд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста ва ба онҳо Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.