Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа сардори Саридора - раиси Ҳайати мушовараи Саридора ҳисоботи муовин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Саридораро шунида, фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки фаъолияти Саридора дар соли 2025 дар доираи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара ва нақшаи кори Саридора ба роҳ монда шуда, бо натиҷагирӣ ва такя ба таҳлилҳои ҷойдошта фаъолияти Саридора дар соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо баҳри тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дурнамои соҳаро муайян ва супоришҳои мушаххасро баён доштанд.