Санаи 25 декабри соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо” ҷамъбаст гардид. Курси мазкур барои масъулони мақоми низоми махфияти сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 25 декабри соли ҷорӣ идома ёфт. Курси такмили ихтисос дар шакли лексия - мубоҳиса ва кори амалӣ сурат гирифта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами соҳа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дарс гуфтанд.
Чорабинӣ бо роҳи пешниҳоди саволномаи тестии соҳавӣ натиҷагирӣ карда шуда, ба шунавандагони курси такмили ихтисос Гувоҳномаи хатм супорида шуд.