Тибқи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 17 декабри соли 2025 дар минтақаи Рашт барои масъулони мақоми низоми махфияти минтақа семинар машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо” оғоз гардид. Семинари мазкур дар доираи “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст давоми се рӯз баргузор гардида, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён маърузаҳо карда мешавад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ дар самти ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд, омӯзиши талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина баланд бардоштани савияи донишҳои соҳавии онҳо мебошад.