Рақамикунонии соҳаҳо ва истифодаи зеҳни сунъӣ яке аз ҳадафҳои муоссири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати татбиқ ва амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, аввалин маротиба дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ ва қатъномаи махсусро зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” пешниҳод намуд ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанберо салоҳи кор шумориданд.
Бо мақсади амалӣ татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии соҳаҳо дар кишвар бо маром идома дорад, ки ташкили низоми ягонаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо миёни вазорату идораҳо, ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва портали ягонаи сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо шаҳодати он мебошад.
Ҳамзамон, дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо шароити муносиби техникӣ барои ҷорӣ намудани низоми дурусти танзим ва татбиқи масъалаи мазкур ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин ҳама муваффақиятиҳои инноватсионӣ моро зарур аст, ки ҳамқадами замон буда, ба ҳифзи маълумот, алалхусус маълумоти дастрасиаш маҳдуд диққати зарурӣ андешем.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо як қатор камбудиву норасоиҳо мушаххаси таъсиррасон ба амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат ҷой доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари рушди рақамикунонӣ масъалаи ҳифз ва талаботи истифодаи дурусти воситаҳои техникии рақамикунонӣ аз мадди назар дур мондааст. Яке аз роҳҳои ихроҷшавӣ ва мусоидаткунанда дар рахнагардонии воситаҳои техникӣ ин истифодаи барномаҳои компютерии шикаста, пираторӣ ва ғайрилитсензионӣ мебошанд, ки тамоми давлатҳо аз истифодаи чунин барномаҳо дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо даст кашидаанд.
Мутаассифона, мушкилоти мазкур имрўз дар воситаҳои техникие, ки дар онҳо маълумоти дастрасиаш маҳдуд коркард мегарданд, ҷой доранд.
Ҳамзамон, яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва ҳифзи маълумоти дастрасиаш маҳдуд ин сертификатсияи воситаҳои техникие, ки дар онҳо маълумоти ҳифзшаванда коркард мегардад ба шумор рафта, воситаҳои техникӣ ба талаботи амнияти иттилоотӣ мутобиқ гардонида мешаванд.
Тартиби дурусти истифодаи техника ва технология қисмати асосии ҳифзи маълумот дар раванди рақамикунонӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъсири истифодаи нодурусти техника ва технология аз дигар таъсирҳо зиёдтар ба ҷамъият ва давлат мерасад. Вале барои истифодаи техника ва технология дар вазорату идораҳо бидуни омўзиш ва риояи талаботи дохилиидоравӣ ҳифзи техникии иттилоот воситаҳои техникии ҳисоббарор истифода мегарданд, ҳатто дастури дохилиидоравии талаботи истифодаи воситаҳои техникӣ ё воҳиди махсус бо доштани низомнома ва дастурамали мансаби танзимкунандаи самти мазкур ташкил нагардидааст. Инчунин, мушоҳида мегардад, ки 1 нафар мутахассис дар самти ҳифзи техникии иттилоот тариқи шартнома дар 3-4 мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо фаъолият менамояд ё ба воҳиди ҳифзи техникии иттилоот мазкур омўзгор, ҳуқуқшинос ва дигар мутахассиси ғайриихтисос ҷалб гардидаанд.
Зарур аст, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо низоми ягонаи тартиби истифодаи воситаҳои техникӣ ва ташкили воҳиди махсуси рақамикунонӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ташкил карда мешуд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ метавонад мушкилотҳои мардумро бартараф ва шафофияти фаъолияти шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шахсони хизматрасону корфарморо ба роҳ мемонад. Пеши роҳи як қатор қонуншиканиву ҷинояткориро мегирад ва саривақтиву сифтнокии фаъолиятро татбиқ менамояд.