Дар заминаи дастгириву таваҷҷуҳи пайваста ва пайгирӣ аз сиёсати дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳарбии кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоти ҳудудӣ ва КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”- и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 декабри соли 2025 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва пойгоҳи низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои сафарбарии назарявӣ ва амалӣ оташнишонӣ бо ҷалби мутахассисони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи талаботи доимӣ ва дар асоси меъёрҳои истифодабарии аслиҳаҳои ҷангӣ, сараввал ҳайати шахсӣ бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо силоҳ дар вақти машғулиятҳо шинос карда шуда, сипас, ҳайати шахсии ҷалбгардида ба машғулиятҳои амалӣ ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, дар нуқтаҳои таълимии муайянгардида бо истифода аз якчанд намуди силоҳи оташфишон тирпарронӣ доир намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин машғулиятҳо дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ҳадафи баргузории он дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагии сатҳи баланд дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан аз истифодаи моҳиронаи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, техникаву таҷҳизотҳои махсуси низомӣ ва дигар воситаҳои ҳарбӣ мебошад.