10-уми апрели соли равон дар Саридораи геология ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа Раиси ҳайати мушовара - сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорону саргеологҳо ва сармуҳосибони корхонаву муассисаҳои зерсохтори саридора иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа муовини сардори саридора Алимаҳмуд Ализода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 гузориш дод.
Сипас, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, сардорони КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК “Ташхисгоҳи геологӣ”, ҶСК «Экспедитсияи геофизикии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ», КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ”, КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моѓиён», КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», МД «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо» ва сармуҳаррири МД «Рӯзномаи Ганҷ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон ҳисобот доданд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимашуда аз ҷониби ҳайати мушовара қарори дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, истифодаи мақсадноки техника, омодагии корхонаҳо ба оғози корҳои саҳроӣ дар объектҳои кории Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, фароҳам овардани шароитҳои хуби корӣ, татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Махсус таъкид шуд, ки соли 2026 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ- таҷлили пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст, бинобар ин роҳбарият ва кормандони саридораро зарур аст, ки баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни таърихӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Маркази матбуот