ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ — МАСЪУЛИЯТИ МУҲИМ ДАР ФАЪОЛИЯТИ РАСОНАҲО
22-юми сентябри соли 2026 дар доираи татбиқи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба мавзуи «Пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ҳангоми интишори мавод ва мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» бахшида шуда, дар он сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар кори семинар сармуҳаррири Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ганҷ» Мавҷуда Анварӣ низ иштирок ва оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар самти ҳифзи иттилоот мубодилаи афкор намуд.
Зимни семинар таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои интишори маълумот тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Аз ин рӯ, масъулони расонаҳо ва сомонаҳои расмӣ ҳангоми таҳия ва интишори мавод бояд ба мазмуну муҳтавои маълумоти пешниҳодшаванда муносибати масъулиятнок дошта бошанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии сармуҳаррирон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва масъулони сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва пешгирии паҳншавии иттилооти дорои хусусияти махфӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, иштироккунандагон бо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ, тартиби кор бо иттилооти дорои аҳаммияти давлатӣ ва масъулияти шахсони дахлдор дар мавриди риоя накардани талаботи муқарраргардида шинос гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаи расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили ҳамкории байни мақомоти дахлдор ва муассисаҳои нашриявию матбуотӣ мубодилаи назар сурат гирифт.
Зикр гардид, ки риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ танҳо вазифаи мақомоти масъул набуда, балки масъулияти ҳар як корманде мебошад, ки дар таҳия, коркард, нигоҳдорӣ ва интишори иттилоот саҳм дорад.
Дар фарҷоми семинар иштироккунандагон доир ба масъалаҳои баррасишуда саволу ҷавоб намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти иттилоотӣ ва пешгирии ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ баён карданд.
Чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи иттилооти дорои аҳаммияти давлатӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Маркази матбуот