ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПОСДОРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПОСДОРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлол барои миллати тоҷик ифодаи соҳибихтиёрии давлат, эҳёи давлатдории миллӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти бузург дар назди гузашта, имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.
35 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ роҳи пуршарафи давлатсозӣ ва бунёдкориро тай менамоянд. Албатта, ин роҳ ҳамвору осон набуд. Солҳои аввали истиқлол барои давлату миллати мо давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Дар чунин марҳилаи душвори таърихӣ бо иродаи қавӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ барқарор гардида, Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ таъмин шуд.
Имрӯз ҳар як дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳар як мактабу донишгоҳ, корхона ва иншооти нав, ҳар як қадами устувор дар рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва варзиш, пеш аз ҳама, натиҷаи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлат мебошад.
Дар ин раванд масъалаи ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор доштааст. Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созанда, захираи стратегии давлат ва идомадиҳандаи роҳи созандагии миллат эътимоди махсус доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳсилу донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, рушди истеъдод ва қобилиятҳои ҷавонон, фаъолияти илмӣ, варзиш, фарҳанг, соҳибкорӣ ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Онҳо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар соҳаи илм корҳои арзишманд анҷом медиҳанд. Ҷавонони соҳибкор бо ташаббусҳои нав ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд. Варзишгарони ҷавон Парчами Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ парафшон менамоянд. Ҷавонони соҳаи фарҳанг ва санъат бо истеъдоду маҳорати худ фарҳанги миллиро муаррифӣ мекунанд.
Ҳамаи ин дастовардҳо далели онанд, ки ҷавонони Тоҷикистон соҳиби неру, истеъдод, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти баланди созандагӣ мебошанд.
Мо - ҷавонони даврони соҳибистиқлол - насли хушбахтем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ба камол мерасем. Мо даврони соҳибистиқлолиро бо чашми худ мебинем ва аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат истифода мебарем. Аз ин рӯ, масъулияти мо низ бузург аст.
Пешвои маҳбуби мо дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Ин суханони Пешвои миллат роҳнамои зиндагӣ ва меъёри масъулияти шаҳрвандии ҳар як ҷавони тоҷик мебошанд. Пайрави асили Пешвои миллат будан танҳо бо сухан ва шиор ифода намеёбад. Пайрави ҳақиқӣ он ҷавонест, ки Ватанро самимона дӯст медорад, таъриху фарҳанги миллатро меомӯзад, забони давлатиро эҳтиром мекунад, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар мегардад, қонунро риоя мекунад ва бо меҳнати ҳалол ба рушди ҷомеа саҳм мегузорад.
Ҷавони даврони соҳибистиқлол бояд ватандӯст, худшинос, соҳибмаърифат, зираку ҳушёр ва масъулиятшинос бошад.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, ҳушёриву зиракии сиёсӣ барои ҷавонон аҳаммияти махсус дорад. Мо бояд ба ҳар гуна иттилоот бо ақлу дониш муносибат кунем ва арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеаро муқаддас донем.
Мо Истиқлолро бо эҳтироми қонун, бо таҳсили хуб, бо аз худ кардани касбу ҳунар, бо меҳнати созанда, бо ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, бо саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва бо садоқат ба Ватан таҳким мебахшем. Агар имрӯз ҷавоне илм омӯзад, ихтироъ кунад, соҳибкасб шавад, ҷойи кор таъсис диҳад, ба варзиш машғул шавад, фарҳанги миллиро ҳифз намояд ва барои ободии маҳалли худ саҳм гузорад — ӯ дар асл дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳм мегузорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба эътимоди Пешвои муаззами миллат бо амал ҷавоб диҳем. Бояд нишон диҳем, ки насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан метавонад парчамбардори фардои давлат ва миллат бошад.
Мо бояд дастовардҳои 35 соли Истиқлолро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро идома бахшем ва ба наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафта, неруманд ва соҳибэътиборро ба мерос гузорем.
Мо фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлолем. Мо бояд сазовори ин Ватан, сазовори ин Истиқлол ва сазовори эътимоди Пешвои миллат бошем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонони имрӯза — созандагони фардои Тоҷикистон ва посдорони Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Пас, биёед бо дониш, меҳнат, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳм гузорем.
Бигзор ҳар яки мо бо ифтихор бигӯем: «Ман ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлолам! Ман пайрави асили Пешвои миллатам! Ман барои ҳифзу таҳкими Истиқлоли Ватанам масъулият дорам!»
Дилноза МАЪРУФЗОДА,
мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва кор
бо кадрҳои Саридораи геологияи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон