САРДОРИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ИҶЛОСИЯИ ШУРОИ ИДМ
24-уми сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иҷлосияи XXIX Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар кори иҷлосия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок менамояд.
Дар доираи иҷлосия сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои қарорҳои Шурои байниҳукуматӣ ва татбиқи «Нақшаи дурнамои корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштирокдори ИДМ барои солҳои 2023–2030» маъруза менамояд.
Зимни иҷлосия масъалаҳои мубрами ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи геология ва самтҳои минбаъдаи рушди он баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хадамоти геологии давлатҳои иштирокдори ИДМ, самтҳои минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ ва масъалаҳои вобаста ба татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи омӯзиш, истифода ва ҳифзи қаъри замин баррасӣ хоҳанд шуд.
Иҷлосияи XXIX Шурои байниҳукуматӣ 24–25-уми сентябр идома ёфта, дар он роҳбарон ва масъулони мақомоти геологии давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок менамоянд.
Маркази матбуот