Маҳфили якҷояи кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии корҳо дар соҳаи санаот ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз хотирмон баргузор гардид. Ин маросими идона дар фазои тантанавӣ, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир шуда, ҷомеаи меҳнатиро ба ҳам овард. Кормандони ин сохторҳои давлатӣ намоиши анъанаҳои миллӣ, суруду рақсҳои дилнишин ва таомҳои миллии наврӯзӣ ба ҷорабинӣ рагу реби дигар бахшиданд. Дар чорабинӣ роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии корҳо дар соҳаи санаот ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, бо суханрониҳои гарму самимӣ ҳозинринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Зикр гардид, Наврӯз, ки имрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст, барои мардуми Тоҷикистон рамзи сарсабзӣ, фаровонӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози рӯзгори пурсаодат ба шумор меравад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, бо ибтикороти наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва ҳамзистии осоишта миёни халқҳо ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва пурмазмун буда, таҷассумгари арзишҳои баланди инсонӣ — аз ҷумла зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, эҳёи табиат, меҳру муҳаббат, покиву назофат ва дӯстиву рафоқат мебошад. Қадрдонии кормандон барои натиҷаҳои самараноки фаъолият, сарфароз гардонидани ғолибони озмуну чорабиниҳо хос ба Наврӯзи некқадам қисмати дигари чорабинии наврӯзиро дар маҳфили якҷояи кормандони Саридораи геология ва Хадамоти назорати давлатии корҳо дар соҳаи санаот ва кӯҳкорӣ дар бар гирифт. Ин ид маънои “рӯзи нав” дошта, оғози фасли баҳор ва зиндагии тоза аст. Чорабинии идона бо барномаи фарҳангии рангин ҳусни анҷом пазируфт. Ҳамаи иштирокдорон аз фазои гарму дӯстона ва эҳсоси ифтихор аз фарҳанги ғании миллӣ руҳбаланд гардида, бо хотироти нек ин рӯзро ҷамъбаст намуданд.
Маркази матбуот