Замимаи 4
Бо фармоиши сардори
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » апрели соли 2024
№ 29 -Ф тасдиқ шудааст
Дастурамали
мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисии Дастгоҳи марказии Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Боби 2. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби
мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
-таҳсилоти олии касбӣ;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-кор карда тавонистан бо компютер.
Боби 3. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
-дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Саридора иштирок менамояд;
-пешбурди ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии шуъба;
-дар самти фаъолияти шуъба дар таҳияи пешниҳодҳо иштирок менамояд;
-муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудан;
-аз номи Саридора дар дигар мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти шуъба дахлдошта, бо фармоиши роҳбарият намояндагӣ намояд;
-риояи тартиби методикӣ, Дастурамал ва талаботҳо оид ба гузаронидани тадқиқотҳои гидрогеологӣ ва геологияи муҳандисӣ;
-муоинаи таҳқиқии гидрогеологӣ, муҳандисӣ – геологӣ объектҳо бо тартиб додани хулосаҳои муҳандисӣ геологӣ;
-баҳисобгирӣ, қайду танзим, умумигардонӣ ва таҳлили маълумотҳои воридшудаи гидрогеологӣ ва муҳандисӣ –геологӣ;
-тартиби танзиму пешниҳоди хулосаҳои гидрогеологӣ ва геологияи муҳандисӣ ва ҳисоботҳо ба мақомоти дахлдор;
-тартибдиҳии маълумотҳо ва маълумотномаҳо барои объектҳои Саридора;
-дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони сардори Саридораро иҷро менамояд;
-мутахассиси пешбари шуъба бевосита ба сардори шуъба итоат мекунад;
Боби 4. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология
ва геологияи муҳандисӣ
-маводҳои дар ихтиёри Саридора қарордоштаро омӯзад;
-бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
-оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи геология таклиф пешниҳод намояд;
-ҷиҳати таҳкими фаъолияти шуъба ва Саридора ба сардори Саридора таклифҳо пешниҳод намояд;
-дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Боби 5. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология
ва геологияи муҳандисӣ
-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, оид ба тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;
-мавҷудияти мамониатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳангоми таъин намудан ба мансаб ва дар мансаб будан;
-барои риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар карда шудаанд;
-барои пешниҳод накардани эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи амвол дар муҳлатҳои мукарраргардида;
-барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
-барои саривақт ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои шуъба ва уҳдадориҳои мансабӣ, риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби кормандони шуъба;
-барои ошкор намудани сирри давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;
-дигар масъулияте, ки санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ