Имрӯз, 14-уми ноябри соли 2025 дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди навбатии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кормандони соҳаро ба ин санаҳои таърихӣ табрик карда, зикр кард, ки гиромидошти Рӯзи Президент на танҳо ҷашни рамзист, балки дарси худшиносӣ ва ваҳдат, ҷашни эҳёи ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан аст. Он аз як тараф қадршиносӣ аз хизматҳои Пешвои миллат ва аз ҷониби дигар нишонаи сарҷамъии тамоми мардум дар атрофи сиёсати сулҳпарварона, ватансозӣ ва башардӯстонаи роҳбари давлат мебошад.
Махсус таъкид шуд, ки дар муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва стратегии кишвар соҳаи геология ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ буд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби мо марҳила ба марҳила рушд кард. Барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология қабул ва татбиқ гардиданд, буҷаи соҳа афзоиш ёфт, таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолона ба роҳ монда шуд, кадрҳои соҳавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омода ва бозомўзӣ шуданд, мақоми Тоҷикистон дар харитаи захираҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мустаҳкам шуд, ки ин ҳама бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ Ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи АМИТ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур доир ба баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки барои Тоҷикистони тозаистиқлол маҳз Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлоли комилро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.
Тамоми ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат баҳри Ватани аҷдодӣ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон атрофашон муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳи душвори миллатсозӣ ўро ҳамроҳӣ намуда, ҳамчун шахсияти дорои асолати миллидошта эътироф намуданд. Таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Президенти худ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.

Мукофоти ин ҳама заҳматҳо эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон ва баланд гардидани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст. Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд.
Гузаштa aз ин, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ ҳaмчун шaхси сулҳофaру сулҳпaрвaр ва сaрҷaмъкунaндaи миллaт шинохта ва маъруф гаштааст, ки боиси ифтихор ва таҳсин аст.
Вазифаи дигари муҳим ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрўза ҳифзи истиқлоли давлатӣ мебошад. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Сарвари давлати тоҷикон иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлоли ѓоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад хизматҳои шоиста намуданд.
Аҳли нишаст изҳори боварӣ карданд, ки сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояи Президенти маҳбуби кишварамон - Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор мемонад.
Маркази матбуот