ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР - ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДИСТ!
Ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии хотирмон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки имрӯз садҳо ҷавонмардони боору номуси диёрамон дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти давлат ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста истодаанд.
Зикр гардид, ки ҳимояи Ватан, таъмини амнияту суботи кишвар ва саҳм гузоштан дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлат қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ омодаанд қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан-Модар софдилона иҷро намоянд.
Аз номи даъватшавандагон Ойбек Худойназаров баромад намуда, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад.
Аз номи волидайни даъватшавандагон модари яке аз ҷавонон - Шаҳноза Бобоҷонова ифтихори худро аз фарзандаш баён намуда, таъкид кард, ки ӯ бо хоҳиши худ барои адои хизмати ҳарбӣ ва иҷрои қарзи ҷавонмардӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида истодааст.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Собиқадорони ҷангу меҳнат Ҳасан Каримов барои адо қарзи фарзандӣ ҷавонони фаъоли ноҳияро дуои нек дода,
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаши иштирокдорон гардонида шуда, дастархони идона ороста шуд.
Хизмат ба Ватан шараф аст!