Бо мақсади таъмини иҷрои супориши раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба ҳолати зарурӣ овардани селроҳаҳои №№20–25 ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бо ҷалби техникаи калони махсус корҳои тозакунӣ ва баэътидоловарии селроҳаҳои мазкур анҷом дода шуданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ бо истифода аз тракторҳои калон селроҳаҳо аз партовҳо ва монеаҳои ҷамъшуда тоза гардида, барои таъмини гузариши озоди маҷрои об тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ин тадбирҳо ба таъмини бехатарии ҳудуд, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ ва аҳолии минтақа аз хавфи сел равона гардида, барои пешгирии оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ ва беҳтар намудани ҳолати селроҳаҳо мусоидат менамоянд.
Корҳои тозакунӣ ва ободонӣ дар ин самт идома доранд.
Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров