Арзи сипос. Дар урфият мегӯянд, ки волидони саодатманд онҳое ҳастанд, ки фарзандони хуб ба камол мерасонанд. Шумо волидайни Тоҷибоев Ҳасан ва Хусейн аз ҷумлаи чунин нафароне ҳастед, ки бо тарбияи хуб, одобу муоширати хоса дар дили фарзандон меҳри ватандӯстиро бедор намуда, хизмат ба ватанро рисолати ҷавонмардӣ ҳисобидаед. Маҳз рушди комили маънавии Шумо боис гардид, ки фарзандони далеру ҷасур, матинирода, ҳушманду бебоки Шумо барои дифои марзу бум собитқадамона рафта истодаанд. Умедворем, ки бо сари баланд ин масъулиятро анҷом дода, дар тӯли хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мактаби омӯзиш, мактаби мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад, фарзандонатон худро чун ҷавони бомаърифат, далеру шуҷоъ ва поквиҷдону садоқатманд муаррифӣ менамоянд.
Шумо метавонед бо чунин фарзандони баору номуси худ ифтихор намоед. Аҳсант ба Шумо!