Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади суръат бахшидан ба раванди ҷамъоварии ҳосили пахта ва дастгирии пахтакорон ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони сохторҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъоварии «тиллои сафед» саҳм гузоштанд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон дар хоҷагии пахтакори ба номи Турсунбой Қӯшатов дар маъракаи пахтачинӣ иштирок намуда, бо деҳқонону чинакчиён суҳбати самимӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳар рӯзи мусоиди обу ҳаво барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ғанимат буда, бо ҷалби ҳарчи бештари чинакчиён бояд суръати ҷамъоварии ҳосил таъмин карда шавад.
Ҳашарҳои дастаҷамъона бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои пахтакор, мусоидат ба ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Ҳама ба пахтачинӣ!
Меҳнати дастаҷамъона — кафили ҷамъоварии саривақтии ҳосил!
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров