Ҷамъбасти фаъолият
Натиҷагирӣ ва тарҳи вазифаҳои навбатӣ
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ноҳиявӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилором, муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Комилӣ Мастура, намояндагони Шӯрои Ҳаракати вилоятӣ Ҳотамӣ Аъзам ва Шарифзода Аминҷон иштирок намуданд.