Имрӯз, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои Шодиёна ва Наврӯзи ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Файзи Истиқлол» баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур Муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии…
Имрӯз, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои Шодиёна ва Наврӯзи ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Файзи Истиқлол» баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур Муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Давлатзода Файзалӣ, Зафарзода Анушервон Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонов Расул намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Дар рафти суханронӣ масъулин инчунин зикр намуданд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва фаъолияти созандаи шаҳрвандон заминаҳои устувор фароҳам оварда шуд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат баргузор гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони кишвар ба ҳисоб рафта, хизмати ҳарбӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватан нақши муҳим дорад.
Чорабинии мазкур бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба дастовардҳои даврони Истиқлол баргузор гардида, иштирокчиёнро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва идомаи корҳои созанда ба хотири фардои ободу осудаи кишвар ҳидоят намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва маросими тақдими ифтихорномаҳо ва дастархони идона ташкил ва баргузор карда шуд.