Дар чорабинии мазкӯр муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуллои Санъат, намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Зиёратзода Хушдилшо мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Махкам Ҷумъа…
Дар чорабинии мазкӯр муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуллои Санъат, намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Зиёратзода Хушдилшо мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Махкам Ҷумъа иштирок ва суханрони намуданд.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар тӯли 35 соли фаъолияти худ ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ дар самти муттаҳидсозии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои онҳо, дастгирии ташаббусҳои созанда, рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногун нақши муҳим доранд. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу кор, рушди истеъдод ва қобилияти онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
35 соли фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамзамон як марҳилаи муҳими ташаккул ва рушди ҳаракати ҷавонон мебошад. Дар ин давра наслҳои гуногуни ҷавонон бо ташаббусҳои созанда дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намудаанд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва рӯҳияи созанда дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ барои ояндаи кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон, арҷгузорӣ ба таърихи фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардида.