26 September 2026
Дар доираи шанбегии дастаҷамъона санаи 26 сентябри соли равон майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муасиссаи давлатии нигаҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзиши ва бозии кудакони ноҳия пурра тозаю озода гардида, бо мақсади беҳтар намудани шароити истифода ва баланд бардоштани сатҳи ободонии муҳити шаҳрӣ таҷҳизоту иншооти онҳо рангубор карда шуданд.