Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва…
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими мақоми омӯзгор дар ҷомеа, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсӣ, аз ҷумла мудири бахши занон Амонуллозода Раҳима ва профессор Шарипова Гавҳар, инчунин роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони муассиса иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Амонуллозода Раҳима оид ба аҳамияти забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳамчунин, дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Профессор Шарипова Гавҳар низ дар мавзуи забони тоҷикӣ, мақоми он дар ҳаёти ҷомеа ва нақши омӯзгор дар баланд бардоштани маърифати забондонӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки омӯзгор дар тарбияи насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва эҳтироми ҷавонон ба забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
Сипас, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассиса баромад намуда, доир ба таърихи забони тоҷикӣ, роҳи тайкардаи он дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва мақоми забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки забон ҳамчун омили муҳими ваҳдати миллӣ ва пояи ҳастии миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муассир дорад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон доир ба мақоми омӯзгор, масъулияти омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати забондонӣ ва риояи фарҳанги сухан андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як сокини кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, саломатӣ, рӯзгори обод ва дар роҳи ҳифзу рушди забони тоҷикӣ муваффақиятҳо орзу намуданд.