Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат, муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода Ато, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарон ва масъулони муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия, фаъолон ва собиқадорони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи тандурустиро аз номи роҳбарияти ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки касби табибӣ яке аз масъулиятноктарин ва пуршарафтарин касбҳо ба ҳисоб рафта, табибон дар ҷомеа ҳамчун ҳомиёни саломатӣ, наҷотбахши ҷони инсонҳо ва шахсони дорои рисолати баланди инсонӣ мақоми арзанда доранд. Фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони соҳаи тиб ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини некӯаҳволии ҷомеа равона гардидааст.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушди инфрасохтори тиббӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки таваҷҷуҳи хос ба соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе низ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати хизматрасонии тиббии босифат ва дастрас ба аҳолӣ заминаҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.