Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 августи соли 2026 дар кӯчаи Фирдавсӣ 53-и ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон вохӯрӣ ва суҳбати судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳияи…
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 августи соли 2026 дар кӯчаи Фирдавсӣ 53-и ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинон вохӯрӣ ва суҳбати судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Шодиҷон, кормандони дастгоҳи Раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба тозагӣ, ободонӣ ва нигоҳдории муҳити зисти маҳалли истиқомат мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ ҳар як сокин бояд дар ҳифзи тозагӣ, сабзкорӣ, нигоҳдории моликияти умумӣ ва ободонии маҳалла саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамзамон, масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон низ дар меҳвари муҳокима қарор гирифта, ба сокинон оид ба захира намудани маводи зарурӣ, истифодаи оқилонаи неруи барқ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳӣ ва дигар тадбирҳои муҳимми зимистонгузаронӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва иштироки фаъолона дар тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.