Дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои таъмиру тармим ва рангу…
Дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои таъмиру тармим ва рангу бор намудани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон дар ҳудуди ноҳия пайваста идома доранд.
Дар ҳамин замина, аз ҷониби масъулони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ» дар майдончаи 49, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 27/2 ва 27/3 корҳои таъмир ва рангу бор анҷом дода шуданд.
Зимни иҷрои корҳои мазкур ҷузъҳои майдончаҳои варзишӣ ва таҷҳизоти бозии кӯдакон таъмиру навсозӣ гардида, намои онҳо бо истифода аз рангҳои тоза ва мувофиқ ба талаботи мавҷуда зебову тароватбахш гардонида шуд. Ин тадбир барои фароҳам овардани муҳити мусоид, бехатар ва ҷолиб барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш равона шудааст.
Таъмиру навсозии майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми корҳои ободонию созандагӣ ба ҳисоб рафта, дар беҳтар гардидани симои маҳал, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон нақши муҳим дорад.
Масъулони муассиса минбаъд низ ҷиҳати нигоҳдории мунтазам, тозаву озода ва дар ҳолати хуб қарор доштани боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ободонии муҳити шаҳр ва боз ҳам зебову дилнишин гардидани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ин иқдомҳо дар маҷмуъ ба татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои сокинон пайваста роҳандозӣ мешавад.