14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карда шуд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам…
14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карда шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ва тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он дастовардҳои кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва ҳунармандони вилоят муаррифӣ гардиданд.
Дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳслуоти саноатӣ пешниҳод карда шуд. Меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
Фаровонии маҳсулот дар ярмарка аз рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва имкониятҳои васеи истеҳсолии вилояти Суғд шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт имкони харидории маҳсулоти тару тоза ва хушсифатро фароҳам овард.