15 августи соли 2026 дар назди Маркази Сиёма Мол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти иҷроия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо,…
15 августи соли 2026 дар назди Маркази Сиёма Мол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Дар он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти иҷроия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону сокинони ноҳия ва волонтёрон иштирок намуданд. Пеш аз оғози машқ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Чорабинии мазкур ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва баланд бардоштани маърифати солимгардонӣ равона гардида, иштирокчиён бо иҷрои машқҳои ҷисмонӣ субҳи худро солим ва нерӯманд оғоз намуданд.