Имрӯз дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар ин иқдоми ободонӣ сокинони ноҳия, кормандони муассисаю идораҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳудуди ноҳия фаъолона…
Имрӯз дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ободонӣ сокинони ноҳия, кормандони муассисаю идораҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани муҳити зист корҳои назаррас анҷом доданд.
Корҳои ободонӣ бо руҳияи баланди меҳнатдӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси гарми ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён бо як неруи тоза ба тозакунии кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва гирду атрофи муассисаҳо машғул шуданд.
Шанбегии имрӯза дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, бозгӯи муҳаббати самимии сокинон ба Ватан, ҳисси баланди соҳибватанӣ ва омодагии онҳо барои саҳмгузорӣ дар ободии пойтахт ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Сокинони ноҳияи Фирдавсӣ бо корҳои созандаву ободонӣ нишон медиҳанд, ки Ватанро дӯст доштан танҳо бо сухан нест, балки бо меҳнати содиқона, ҳифзи тозагӣ ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист ифода меёбад.
Ин иқдоми умумӣ якҷо бо корҳои мунтазами ободонӣ ба беҳтар гардидани симои ноҳия мусоидат намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ заминаи муносиб фароҳам меорад.