30 сентября 2026
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аттестатсияи кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроия мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аттестатсия бо мақсади муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ, малакаву маҳорати хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ, таҳкими интизоми меҳнат ва такмили ҳайати кадрӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи тартиби гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда доир карда шуд.
Дар кори комиссияи аттестатсионӣ 8 нафар корманди дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроия иштирок намуда, аз рӯйи самтҳои фаъолияти хизматӣ, донистани қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сатҳи касбият, малакаи идоракунӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ баҳогузорӣ гардиданд.