Дар зиндагии ҳар инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки на танҳо бо сухан, балки бо амалу рафтори худ барои дигарон мактаби ибрат месозанд. Омӯзгорони асил аз ҳамин зумраанд. Онҳо бо заҳмати шабонарӯзӣ, донишу таҷриба ва меҳри беандоза насли ояндаро тарбия…
Дар зиндагии ҳар инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки на танҳо бо сухан, балки бо амалу рафтори худ барои дигарон мактаби ибрат месозанд. Омӯзгорони асил аз ҳамин зумраанд. Онҳо бо заҳмати шабонарӯзӣ, донишу таҷриба ва меҳри беандоза насли ояндаро тарбия намуда, дар бунёди ҷомеаи босаводу соҳибмаърифат саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз чунин шахсиятҳои фидоӣ ва соҳибэҳтиром омӯзгори варзида, дорандаи мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста», Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзимо Алиева буд, ки пас аз умре саршор аз хизмати содиқона ба халқу Ватан аз олам чашм пӯшид.
Файзимо Алиева соли 1957 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ роҳи пуршарафи омӯзгориро интихоб намуд. Соли 1984 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм карда, беш аз чиҳил сол тамоми ҳастии худро ба таълиму тарбия бахшид. Ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77, №76, №30-и ноҳияи Фирдавсӣ ва инчунин дар Гимназияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва литсейи Донишгоҳи мазкур фаъолияти босамар намуда, садҳо нафар шогирдонро бо донишу маърифат мусаллаҳ гардонд.
Барои Файзимо Алиева омӯзгорӣ танҳо касб набуд, балки рисолати муқаддас буд. Ӯ бар ин бовар буд, ки омӯзгор пеш аз ҳама тарбиятгар аст. Аз ин рӯ, дар баробари омӯзонидани таърих, дар қалби шогирдон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз таърихи пурғановати миллатро парвариш мекард. Дарсҳои ӯ на танҳо омӯзиши воқеаҳои таърихӣ, балки мактаби ахлоқу инсонгароӣ ва муҳаббат ба Ватан буданд.
Бо ташаббуси ӯ пайваста дарсҳои кушод, маҳфилҳои маърифатӣ, мулоқот бо шахсиятҳои маъруф, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор мегардид. Ин иқдомҳо дар тарбияи маънавии хонандагон нақши муассир гузошта, онҳоро ба эҳтироми таърих, пос доштани сулҳу ваҳдат ва хизмат ба Ватан раҳнамун месохт. Таҷрибаи пешқадами омӯзгории ӯ борҳо тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун намунаи фаъолияти эҷодкорона эътироф шудааст.
Файзимо Алиева ҳамзамон қаламкаши фаъол низ буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ зиёда аз 300 мақола ва хабар дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонида, муаллифи китобҳои «
#Файзи Истиқлол», «
– пайравони Пешвои миллат», «
Иҷлосия» ва «
– Фаришта» мебошад. Дар осори ӯ масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, мақоми омӯзгор, тарбияи насли наврас ва қадршиносии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷойгоҳи хос доранд. Ӯ дар байни ҳамкорон ҳамчун инсони хоксор, масъулиятшинос, ростқавл ва меҳрубон шинохта шуда, барои шогирдон омӯзгори дӯстдоштатарин ва барои ҷомеа шахсияти фаъолу ватандӯст буд. Маҳз чунин инсонҳо бо зиндагии худ нишон медиҳанд, ки арзиши ҳақиқии инсон дар мансаб ё дороӣ не, балки дар хизмат ба мардум, тарбияи насли наврас ва гузоштани мероси маънавии арзишманд аст.