Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Шодиҷон ва роҳбарону…
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Шодиҷон ва роҳбарону кормандони сохторҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид
Зимни вохӯриҳо бо сокинон масъалаҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни миллӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, риояи қоидаҳои санитарӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо меҳнати содиқона ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Сокинон аз баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои судманд истиқбол намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагии ноҳия изҳор доштанд.