Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва тамоми кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ"…
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва тамоми кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ" шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни поккорӣ ва назофат ҳудуди муассисаву коргоҳҳо ва гирду атрофи шаҳраку маҳалҳои ҳудуди ноҳия тозаву озода гардида, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, нарм намудани бехи дарахтон, обёрии гулу буттаҳо, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани роҳраву гулгаштҳо анҷом дода шуданд.
Бояд қайд кард, ки кормандони нигоҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона иштирок намуда, изҳори онро доштанд, ки ин амал ба таври ҳамеша идома пайдо мекунад.