Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия Шукурзода Саодат ҷаласаи Комиссия оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.…
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия Шукурзода Саодат ҷаласаи Комиссия оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Вобаста ба масъалаҳои дар ҷалласа баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, вазифаҳои Комиссия барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян ва нақшаи он тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои банди 48 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ карда шудааст, дар ноҳия Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе амал мекунад, ки бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ аз 4 октябри соли 2023, №258 тасдиқ шудааст.