Рӯзи 26 феврали соли 2026 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, аъзои пайвастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо ҳайати роҳбарон ва олимони муассисаҳои илмии Академия тариқи маҷозӣ дар Форуми…
Рӯзи 26 феврали соли 2026 президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, аъзои пайвастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо ҳайати роҳбарон ва олимони муассисаҳои илмии Академия тариқи маҷозӣ дар Форуми XXVIII –уми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Илми аграрӣ - дар истеҳсолоти кишоварзии кишварҳои ИДМ ва BRICS», ки ба хотираи неки академики Академияи илмҳои Россия Александр Сергеевич Донченко бахшида буд, иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Форум олимони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Гана, Тотористон, Якутия, Сибир ва намояндаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск ширкат варзиданд.
Дар қатори иштироккунандагон президенти АИКТ дар қисмати ифтитоҳӣ баромад карда, аз номи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба ташкилкунандагон барои даъват ҷиҳати иштирок дар Форуми мазкур изҳори минатдорӣ намуданд.
Инчунин, иброз доштанд, ки фаъолияти академик А.С. Донченко барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошт. Ғояҳои илмӣ, равишҳои методӣ ва фаъолияти ташкилии ӯ ба рушди илми кишоварзӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими робитаҳои илмӣ миёни кишварҳои мо мусоидат намуданд. Саҳми ӯ дар ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири илмӣ ба амалияи бахши аграрии ҷумҳурӣ нақши муҳим бозида, барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намуд.