МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ Таҳти ин унвон 7- марти соли 2026 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи модарон” мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии идона Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, олимон, бонувони…
МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ
Таҳти ин унвон 7- марти соли 2026 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи модарон” мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии идона Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, олимон, бонувони собиқадор ва меҳмонон иштирок доштанд.
Зимни баромад президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон академики АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло хоҳарону модарон ва бонувони Академия ва муассисаҳои илмии тобеъро бо фарорасии ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки ҳамасола Рӯзи Модар дар лаҳзаҳои нахустини бедоршавии табиат бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад, ки ин аз бузургии Зан-Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ роҷеъ ба бузургдошти модарони азизамон пайваста ҳарф зада, ба мақому манзалати онҳо ҳамеша арҷ мегузоранд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “… дар таърихи тамаддуни башар шоир, нависанда ё файласуферо пайдо кардан амри маҳол аст, ки дар васфи зан ва иззату эҳтироми ӯ сухане нагуфта бошад, зеро зан – модар сарчашмаи ҷовидонии ҳаёт ва манбаи эҷод аст.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи илм маориф ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолу бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.