Санаи 21 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур чорабинии тантанавии Ҷашни Наврӯзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва…
Санаи 21 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур чорабинии тантанавии Ҷашни Наврӯзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва тамоми муассисаву ташкилотҳои сохтории Вазорат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии Наврӯзӣ корпуси дипломатӣ, шарикони рушд ва якқатор меҳмонон иштирок намуданд.
Ҷашнгоҳ бо тамоми унсурҳои Ҷашни Наврӯз аз қабили дастурхони наврӯзӣ, гӯшаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши бозиҳои варзишӣ, базми шеъру суруд, дастовардҳои илмӣ, гушаҳои маслиҳатдиҳӣ ва техникаву олотҳои кишоварзӣ оро дода шуда буд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кулли иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният намуданд. Зикр намуданд, ки маҳз бо ташаббусҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намудан ва бо шаҳомати ба худ хосс таҷлил карда мешавад.
Дар фарҷом баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯз пешкаш гардид.