30 августи соли 2025 дар толори маҷлисии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси…
30 августи соли 2025 дар толори маҷлисии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳайати кормандони Академия, олимон, устодон ва кормандони муассисаҳои илмии зертоеи АИКТ фаъолона иштирок намуда, суханони пурмуҳтавои Пешвои миллатро бо эҳтиром ва диққати хос пайгирӣ карданд. Паёми Пешвои миллат ба ифтихори оғоз гардидани соли нави таҳсил ва нақши калидии дониш, илму маориф дар рушду пешрафти ҷомеа бахшида шуда, аз ҷониби иштирокдорон бо рӯҳбаландӣ пазируфта шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, аҳли Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон-ро ба омӯзишу таҳқиқоти босамар ва хизмати содиқона ба соҳаи кишоварзии кишвар ҳидоят менамояд.