Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаи "Арбобхотун" бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҷараёни тантанаҳои ҷашни мазкур Ҳабибзода Зоҳир Иззат…
Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаи "Арбобхотун" бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар ҷараёни тантанаҳои ҷашни мазкур Ҳабибзода Зоҳир Иззат - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Маҳмадизода Маъруф Маҳмадӣ - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, Суҳробзода Достон - мудири бахши танзим ва чашну маросим дар ноҳия, Ҳафиззода Сомон Самад - директори МД "Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил" - и МИҲД - и ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни оғози баҳор ва эҳёи табиат, балки рамзи пойдории маънавии мо дар баробари тӯфонҳои фарҳангии замони муосир аст. Вақте мо Наврӯзро «қутбнамои маънавӣ» меномем, ҳадаф он аст, ки дар уқёнуси пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки хатари нестшавии унсурҳои фарҳангӣ вуҷуд дорад, ин ҷашн моро аз гумроҳӣ наҷот дода, он мисли як лангари боэътимод киштии ҳастии моро ба соҳили худшиносӣ ва асолати миллӣ мепайвандад.
Ҳамзамон илова гардид, маҳз ҳамин ҷанбаҳои инсондӯстона ва фалсафаи азалии созандагӣ боис гаштанд, ки ҷашни мазкур имрӯз мақоми байналмилалӣ касб намояду дар саросари олам ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ шинохта шавад.
Дар идома, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба шукӯҳи ҷашни мазкур шаҳомати тоза зам намуд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ миёни ҷавонони маҳалла мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.