28 марти соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини тозагӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист, бо дастури Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд. Дар ин иқдоми ободонӣ…
28 марти соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини тозагӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист, бо дастури Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода шанбегӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд.
Дар ин иқдоми ободонӣ кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, минтақаву маҳаллаҳо, саноат, савдову хизматрасонӣ ва дигар сохторҳои марбута фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар доираи шанбегӣ корҳои гуногуни ободониро ба анҷом расонида, аз ҷумла тоза намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналҳову ҷӯйборҳои обгузар, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон, ба тартиб даровардани гирду атрофи муассисаҳо ва майдончаҳои ҷамъиятиро ба роҳ монданд.
Зикр гардид, ки чунин тадбирҳо дар доираи сиёсати ободкорона ва созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар нигоҳдории муҳити зист мусоидат менамоянд.
Баргузории мунтазами шанбегиҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар ноҳияи Сино ба беҳтар гардидани симои пойтахт ва фароҳам овардани муҳити тозаву зебо барои сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.