Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои миллии худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар намоишгоҳи байналмилалии Eco Expo Central Asia 2026 дар шаҳри Самарқанд муаррифӣ намуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, роҳбарии иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии Eco Expo Central Asia 2026, ки дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ба уҳда дошт.
Павилиони Тоҷикистон ба майдони намоиши дастовардҳо, афзалиятҳо ва ташаббусҳои кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии устувори захираҳои об ва рушди иқтисоди сабз табдил ёфт.
Меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ имконият пайдо намуданд, ки бо мероси беназири табиии Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхҳо, экосистемаҳои кӯҳӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин тадбирҳои ҳифзи намудҳои нодир ва нобудшавандаи ҳайвонот, аз қабили бабри барфӣ шинос шаванд.
Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Eco Expo Central Asia 2026 бори дигар садоқати кишварро ба принсипҳои устувории экологӣ ва ҳамкории минтақавӣ тасдиқ намуда, ҳамзамон имконияти муҳимро барои муаррифии дастовардҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ ҷиҳати ҳалли муштараки мушкилоти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам овард.