Аз санаи 10 апрел то 14 апрели соли 2025 ҳашари дастаҷамона барои бунёд намудани Боғи Модарӣ дар майдони 2 га замин дар водии Язгуломи деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷ баргузор гардид. Дар ҳашар кормандони Маркази илмии кишоварзии Помир ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва мутахассисони соҳаи боғпарварии Институти биологии Помир АМИТ фаъолона иштирок намуданд.Қобили қайд аст, ки дар бунёди боғи модари худи раиси ноҳияи Ванҷ ва кормандони идораву муассисаҳои ноҳияи Ванҷ низ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин ҳудуд дарахтони мевадиҳанда чормағз, себ,зардолу, шафтолу,тут,гелос,синҷид шинонида шуданд . Бояд қайд кардан зарур аст, ки барои муҳофизат кардани ниҳолҳои боғ гирдо гирди боғ бо симтур панҷарабандӣ гардид.