Наврузшоева Савсангул Довутшоевна Ходими илмии Маркази илмии кишоварзии Помир- и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. РУЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатӣ…
Наврузшоева Савсангул Довутшоевна Ходими илмии Маркази илмии кишоварзии Помир- и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

РУЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатӣ аз се ранг иборат мебошад: сурх, сафед ва сабз, ки дар матои сафед дар байни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир аст, тасдик шудааст. Парчами Тоҷикистон рамзи истиқлолият, бародариву дӯстӣ ва ягонагии давлат мебошад. Ин сохтор на танҳо рамзи миллиро нишон медиҳад, балки таърих ва сиёсати тоҷиконро низ ифода мекунад. Он 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидааст ва ҳар сол Рузи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Таърихи парчами Тоҷикистон бо истиқлолияти давлатӣ, ки ифодакунандаи фарҳангу таърихи бойи миллат мебошад, алоқаманд аст. Парчами миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ичтимоӣ ва фарҳанг нақши хеле муҳиме дорад. Парчам ҳамчунин рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси хушнудӣ аст, ки имрузхо дар саросари ҷумхурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Мо вазифадорем, ки Парчамии миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиклолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем. Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти худро нигоҳ дорад, аз ҷумла Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд. Бояд қайд кард, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 сол, Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолият давлатӣ соҳиби парчами миллӣ шуд. Давлати Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил парчами худро дорад ва он дар 220 давлати Ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои расмии фаҳангӣ, варзишӣ дар муносибатҳои байналмиллаливу дохилӣ мавқеъ ва нақши хосаро дорост. Бинобар, ин Парчам суннати асосии давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами миллӣ нишона аз ифтихор доштан ва дар рагу пайванди қалби ҳар як ватандор маъво гирифтааст, ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии ҳар як фарзанди миллат аст. Тибқи мукаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда ва ҳар як шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки парчами давлатии кишварро эҳтиром намоянд, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ ба муққадасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Наврузшоева С. Мусоев С.