Санаи 21 марти соли 2026 дар варзишгоҳи деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки васеи сокинони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло ва раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм иштирок доштанд. Чун анъана дар ин рӯз сокинони ноҳия бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд. Дар оғози тантанаҳои Наврӯзӣ меҳмонон аз намоиши расму оинҳои миллӣ, дастурхони идона ва ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан намуданд. Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз гирду атрофи идгоҳ бо шиорҳо ва парчами давлатӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандию шодӣ мекарданд. Сипас, маросими тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз ёфта, раиси ноҳия Муқим Муродзода тамоми сокинони ноҳияро бо ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуд. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки Наврӯз дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишу манзалати хоса пайдо намуд ва шинохти манзалати Наврӯз дар он аст, ки бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ин ҷашни ниёгони халқи тоҷик ҷаҳонӣ гашт. Таъкид гардид, ки ҷаҳонишавии Наврӯз собит кард, ки мо, тоҷикон, аз мардумони куҳанбунёд ба шумор рафта, дар раванди ташаккули маданияти умумибашарӣ мавқеи хоса дорем. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки сокинони ноҳияи Зафаробод арзишу эътибори ин ҷашни мардумиву миллии Наврӯзро қадр намуда, ҳамасола онро ботантана таҷлил менамоянд ва имрӯз низ ноҳия рӯҳияи наврӯзӣ дошта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву бунёдкорӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, мардуми сарбаланди ноҳия бо дарки масъулиятшиносиву меҳанпарастӣ ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таррик намуд.
Муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло паёми табрикотии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расонид.
Барномаи васеи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.