Бо мусоид омадани боду ҳаво ва мӯътадил гардидани ҳарорати хок кишоварзони ноҳияи Зафаробод ба кишти пумбадона оғоз намуданд. Дар назар аст, ки соли 2026 кишоварзони ноҳия ба майдони 14730 гектар пумбадона, аз ҷумла 2200 гектар зери плёнка кишт намоянд.
Санаи 21 марти соли ҷорӣ хоҷагии деҳқонии “Давронбек”–и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод дар миқёси ноҳия аввалин шуда ба кишти пахта оғоз намуд. Дар маросими оғози кишти пумбадона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовири раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина, муовини раиси вилояти Суғд Қосимӣ Файзулло, раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсати кишоварзӣ, пирони кор ва аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози кишт раиси ноҳия ва меҳмонон кишоварзонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ба онҳо барору комёбиҳои беназири меҳнатӣ орзу намуданд. Сипас ҳамроҳ бо пирони кордидаю таҷрибадор донаи умедро ба замини кишт чошида, бо дуои нек расман ба кишти пумбадона дар ноҳия оғоз бахшиданд