Санаи 21 марти соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо иштироки раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Мустафо Одина ва муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ як қатор собиқадорони арсаи меҳнат қадрдонӣ карда шуданд. Зимни суҳбат пирони рӯзгордида шукронаи Ватани азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвар дуои нек карданд.Собиқадорони арсаи меҳнат бо кӯмаки яквақтаи молиявӣ ҳамчун туҳфа ба муносибати ҷашни Наврӯз қадрдонӣ карда шуданд.