6 март дар толори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи занону бонувони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои мақомот бахшида ба Рўзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.Чорабиниро раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҳусни оғоз бахшида, занону бонувони Кумитаро ба Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳаёту фаъолияташон саодатмандию бурдбориҳо орзу намуданд. Файзуллозода М. зимни баромади худ иброз доштанд, ки бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки онҳо чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли инсон, забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо меҳру муҳаббат ва сухани нарми онҳо фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оила,ҷомеа ва давлату миллати хеш мегарданд.Сипас, мутахассиси бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумита Раҳимова Дилбар бо баромади худ занону, модаронро васфу ситоиш намуда, дар ин миён қироати шеърҳо аз ҷониби кӯдакон ва лавҳанамоиши ба ин муносибат омодакардашуда ба ҳозирин пешкаш гардонида шуд.Дар фарҷоми чорабинӣ ба як ќатор занону бонувони фаъоли Кумита, ки дар пешбурди фаолияти соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳо тақдим карда шуд.