Санаи 21 январи соли 2026 дар толори Дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита, зерсохторҳои он ва муовини аввали ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Бобозода Шариф Қаноатшо чорабинӣ баргузор гардид.Раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло чорабиниро ифтитоҳ ва вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва якчанд нуктаҳои муҳимми Паёмро ба ҳозирин иброз намуданд.Сипас, Бобозода Ш.Қ. вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, масъалаҳои марбут ба меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ, ки дар Паёми имсола мавқеи калидӣ доштанд ибрози андеша намуд.Баъдан, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр Раҳмонализода Баҳодур муҳтавои фармоиши Раиси кумита дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои кумита оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардидаро ба самъи кормандон расонида, дар ин давом Раиси кумита барои иҷрои саривақтии чорабиниҳои ба нақшагирифта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.Кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳамовозии самимӣ қабул ва ҷонибдорӣ намуда, барои амалишавии ҳадафу вазифаҳои гузоштаи Пешвои миллат дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва қарзи инсонию шаҳрвандӣ саъю кушиш менамоянд.